«ҲИЗБИ НАҲЗАТ* БО ИСТИФОДА АЗ ЭЪТИҚОДИ ДИНИИ ОДАМОН ОНҲОРО БА ГУМРОҲӢ МЕБУРД…». Муовини Вазири адлияи Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти ғайриқонунии собиқ ҲНИ ба АМИТ «Ховар» маълумот пешниҳод намуд

Февраль 21, 2019 16:08

ДУШАНБЕ 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «ҲНИ* бо истифода аз эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ менамуд», —  гуфта шудааст дар маълумотномае, ки имрӯз муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким МИРСАЙЗОД ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд. Дар он омадааст:

Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ)* дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал 4 декабри соли 1991 сабти ном гашта буд. Соли 1993 фаъолияти ҳизби номбурда бо сабаби фаъолияти зидди конститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1993 барҳам дода шуда буд. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумӣ ва ризоияти миллӣ бо қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дубора иҷозат дода шуда буд.

Мувофиқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (соли 1998) ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд,  ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсонро эҳтиром намоянд.

Собиқ ҲНИ* дар тамоми давраи фаъолияти худ динро ҳамчун омили асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ онро ҳамчун «ҳизби Худо» муаррифӣ менамуд. Рӯзномаи ҳизб бо номи «Наҷот» аз он шаҳодат медиҳад, ки он ҳар ҳафта зери шиори «…. Бешубҳа ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд», ки ин аз сураи Моидаи, ояти 56 Қуръон оварда мешуд ва «Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас!» ба нашр мерасид. Дар рӯзномаи номбурда асосан вобаста ба масъалаҳои дин мақолаҳои танқидӣ ва зиддиҳукуматӣ ба чоп мерасиданд.

Соли 2012 Муҳиддин Кабирӣ дар мактаби муносибатҳои байналмилалии ба номи Эллиотти Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баромад намуда, зикр намуда буд, ки собиқ ҲНИ соли 1973 таъсис дода шуда он соли оянда 40-умин солгарди худро қайд менамояд.  Тибқи гуфтаҳои М.Кабирӣ, ҲНИ* ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба сифати ташкилоти ибтидоии ҷавонон махфӣ, пинҳонкорона ё ғайриқонунӣ фаъолият намудааст.   Ва ҳанӯз баъд аз барқарорсозӣ дар шаҳри Астрахан Анҷумани умумииттифоқии аввалини Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуда буд. ҲНИ* ҳамчун ҳизби умумииттифоқӣ соли 1991 дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шуд.

Баъдан моҳи апрели соли 2013 ба Вазорат даъватномаи собиқ ҲНИ барои иштирок дар ҷашни 40-умин солгарди таъсиси ҳизб ворид гардид. Вазорат ба даъватномаи ҳизб эътино оварда, дар мактуби хеш ҷавобан иброз намуд, ки мувофиқи талаботи қисми 4 моддаи 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизб аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад ва ҲНИ* маротибаи аввал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 сабти ном гаштааст. Аз ин бармеояд, ки мавҷудияти  ҳизб асосҳои таърихию қонунӣ надорад.

Ҳизб бар хилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ пайваста фаъолиятҳо ва маросимҳои динӣ, ба монанди мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориёни Қуръон, шаби қадр, намози ид, мавъиза ва амри маъруф баргузор менамуд.

ҲНИ* дар Вазорат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба сифати созмони сиёсӣ сабти ном гашта буд.  Бо вуҷуди он, ки ҳизб характери динӣ дошт, он иттиҳодияи динӣ эътироф намегардид ва ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надошта бошад ҳам, мунтазам чорабиниҳо ва маъракаҳои динӣ доир намуда, онҳо ба таврӣ оммавӣ ва ошкоро ба роҳ монда шуда буданд.

ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ уҳдадор буд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Дар аксарияти фаъолияти он вайрон намудани талаботи қонунгузории кишвар ва худи Оинномаи ҳизб ба мушоҳида мерасид.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғоти оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд. Мувофиқи талаботи моддаи 10 қонуни номбурда иттиҳодияҳои динӣ дар шакли ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд.

ҲНИ* ба ин нигоҳ накарда, дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин, маросимҳои динӣ ва таблиғоти оммавии динӣ анҷом медод.

ҲНИ* дар сохтори худ ғайриқонунӣ Академияи исломӣ таъсис дода,  он ҳар ҳафта аз рӯзҳои душанбе то шанбе ба таълими динии ҷавонон машғул гардида буд, ки истифодаи номи «Академия» ва ё «Академияи исломӣ» ба иштибоҳ мебарад. Зеро мутобиқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» академия ин муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Вобаста ба ин фаъолияти ғайриқонунии ҳизб* Вазорат эътино зоҳир намуда, 3 майи соли 2013, таҳти №10-10-101 ба суроғаи ҳизб «Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ», ки дар пешбурди таблиғоти оммавии динӣ ва вайрон кардани тартиби анҷом додани маросимҳои динӣ зоҳир мегардид, расман Огоҳинома ирсол намуда буд.

Бар замми ин, ҲНИ вобаста ба Огоҳиномаи Вазорат зери унвони «Академияи исломии ҲНИТ*»-ро бастанд» вокуниш эълон намуд. Дар вокуниши мазкур Зубайдулло Розиқ – раиси Академияи исломии ҳизб иброз намуда буд, ки вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма маъракаҳои васеъ ва поймолкунии ҳуқуқҳои қонунии ҳизб* ва аъзои он оғоз гардида, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки тамоми фаъолияти мазҳабиро дар кишвар зери назорати худ дароранд.

Академияи исломии ҲНИ* дар сайти nahzat.tj  дар самти «саволҳои фиқҳии шумо» ба саволҳои  донишҷӯён дар хусуси тарки дарс ва иштироки онҳо дар намози ҷумъа ҷавоб дода, даъват ба саркашӣ намудан аз риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон менамуд. Дар сомона ва рӯзномаҳои ҳизб* маводи дорои хусусияти зиддиҳукуматӣ низ ба чоп мерасиданд.

Ҳамзамон ҲНИ* дар қароргоҳи худ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ анҷом медод. Аз ҷумла, моҳи Рамазон дар қароргохи хеш бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намози таровеҳ ва хӯрдани таом машғул гардида буданд. Додани таомро ба аҳолӣ ҳизб ҳамчун хайрия ва садақа пешниҳод намуда, онро бо аломатҳои намоишӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода менамуд.

Инчунин занонро даъват ба он менамуд, ки занони тоҷики мусалмон рӯи пӯшида ва тани печида дошта бошанд. Ҳатто  кӯдакони ноболиғро ба ин амалҳо даъват менамуданд.

Ҳамчунин ҳизб* дар ин радиф ба шаҳрвандон ба додани фатво машғул гардида буд, ки он масъалаи оиладорӣ, зан ва шавҳар, муносибатҳои давлат ва дин, рукнҳои ислом, ба масҷид роҳ надодани ноболиғон, дар мактабҳо маҷбуран якҷо шинонидани писарбачаю духтарбача ва сиёсатро инъикос менамуд.

ҲНИ* бо истифода аз эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ менамуд.

Барои масъулини ҲНИ* одат шуда буд, ки дар тамоми чорабиниҳои худ даъвои ҳифзи арзишҳои волои исломӣ намуда, хамзамон ба амалҳои зишту бадахлоқона, зиною фоҳишагӣ даст мезаданд. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои фаҳши Гадоев С- мушовири сиёсии ҲНИ, Холов И-аъзои фаъоли ҳизб*, имом-хатиби масҷиди ҷомеаи деҳаи Сомонӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппаи н.Рӯдакӣ, Ризоев М- муовини роҳбари бахши ҲНИ* дар ш.Турсунзода сабаби хиҷолати ҳамагон гашта буд.

Ба ғайр аз ин ба Вазорат 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ ва аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба барҳам додани фаъолияти онҳо ворид гардиданд:

Аз ҷумла:

— Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии собиқ ҲНИ* дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015, №25 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ;

— Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ХНИ* дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015, №3 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши шаҳрии ҲНИ* дар шаҳри Турсунзода;

— Протоколи конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 10 июни соли 2015 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии  ҲНИ* дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;

— Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз 04 июни соли 2015 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии  ҲНИ* дар ноҳияи Тоҷикобод;

— Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИ* дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, №11 дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии  ҲНИ* дар ноҳияи Рашт.

Вале  аз ҷониби Раёсати олии ҳизб* ин санадҳо ба инобат гирифта нашуда, онҳо бе баррасӣ мондаанд, ки ин сабаби вайрон гардидани талаботи Оинномаи ҳизб гардида буд.

Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур сабаби аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва иродаи сиёсии онҳо гардида буд. Зеро, мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёрон ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ шавад.

Ин аллакай аз он гувоҳӣ медод, ки фаъолияти ҳизб* ба талаботи Оинномавии он ҷавобгӯ буда наметавонист, чунки қарорҳои пешниҳодгардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб* оид ба қатъи фаъолияташон фаъолияти ҳизбро* ба сифати ҳизби ҷумҳуриявӣ зери шубҳа қарор медод. Мувофиқи талаботи Оинномаи ҳизб он ҳизби ҷумҳуриявӣ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсӣ бояд дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.

Ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ эътироф нагардидани ҳизб* дар он зоҳир мегардид, ки ҳизб Раёсати олии худро дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия доир намуда,  оид ба даъвати Анҷумани ҳизб* қарор қабул кард.

Вазорат нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии ҳизб эътино зоҳир намуда, ба суроғаи ҳизб маротибаҳои зиёд Огоҳинома «Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ» ирсол намуда буд. Аммо аз ҷониби ҳизб ин фаъолиятҳо идома дода шуда, пеши роҳи ин гуна қонувайронкуниҳо гирифта намешуданд.

Роҳбарияти собиқ ҲНИ* ба ҷои риояи намудани талаботи қонунгузорӣ баръакс пайваста айб меҷустанд.

Ҳизби* мазкур кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузург, марказҳои барқу гармидиҳӣ, ба истифода додани роҳҳои Душанбе – Чанок, Айнӣ — Панҷакент, Душанбе — Турсунзода нодида мегирифт.

Соли 2015 аъзо ва тарафдорони ҳизб* даст ба ҷиноят заданд.

Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб карда, бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳокимият ва бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Раёсати Олии ҳизб* бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ ҷанговарони Иттиҳоди неруҳои мухолифин зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятии иборат аз 15-30 нафарӣ созмон дода, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 ин гурӯҳ тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд.

Бояд зикр намуд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо нақша ва таълимоти худро аз Муҳиддин Кабирӣ—раиси ҲНИ* мегирифт. Абдулҳалим Назарзода барои дар амал татбиқ намудани ин нақшаҳои ғаразноки худ аз писари раиси собиқ ҲНИ* Руҳуллои Тиллозода  1,200,000 доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст.

Ин маблағҳо аз ширкатҳои М.Кабирӣ дар натиҷаи аз фаъолияти соҳибкориаш ба даст омада, онҳо бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои террористӣ-ифротгароии ҳизб пешбинӣ шуда буданд.

Ҳамин тариқ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ* 29 сентябри соли 2015 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда,  ҳизб ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудааст.

ҲНИ* дар даъватҳояш дар  шабакаи Интернет ва рӯзномаи худ     «Наҷот» худро дар қатори рӯҳоният ва масҷид номбар карда, ба ном ҳимоятгари манофеи дин баромад менамуд.

12 сентябри соли 2017 роҳбари ҳизби террористии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ кардааст. Дар ин конфронс Кабириро вакили дифоъ аз Россия Дагир Хасавов, хабарнигори муқими Аврупо Темур Қличев ва Алим Шерзамонов ҳамроҳӣ намуда, суханронӣ низ кардаанд. Зимни мубоҳисаҳо Стив Свердлов аз созмони Human Rights Watch иштирок намудааст.

М. Кабирӣ дар чорабинии мазкур шумораи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистонро 200 нафар гуфтааст. Аввалан, ин шумора маҳсули хаёлу тасаввуроти Кабирӣ буда, воқеияти аслӣ надорад ва баъдан он наҳзатиҳои маҳбус на ашхоси сиёсӣ, балки террористу ҷинояткор ба шумор мераванд.

* Ҳоло — ташкилоти экстремитстию террористии (ТЭТ) Ҳизби наҳзат 

Февраль 21, 2019 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст