Марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро тавсеа медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ниҳодҳои пажуҳишии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон –Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории мутақобилан судмандро беш аз пеш густариш медиҳанд.
Директори тозатаъйини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода 8 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар доираи тавсеаи ҳамкории ду ниҳоди пажуҳишӣ як гурӯҳ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки нимаи дуюми моҳи феврал дар Тошканд доир мегардад, иштирок менамоянд. Мусаллам аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Тибқи ин санади ҳамкорӣ, ниҳодҳои пажуҳишии ду кишвари ҳамсоя робитаҳоро тақвият бахшидаанд.
Инчунин дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо марказҳои пажуҳишии кишварҳои ҷаҳон, назири Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша густариш медиҳад.
Ҳамзамон Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд /БОР/, Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ /СОҲБ/, Маркази Дипломатияи пешгирикунанда дар Ашқобод ҳамкории густурда дошта, узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






