Мутахассисони соҳаи тибби Тотористон ба Тоҷикистон меоянд

Февраль 18, 2019 11:00

ДУШАНБЕ 18.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 феврал мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд. Мақсади сафари гурӯҳи табибон ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тандурустӣ мебошад.   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Вазорати мазкур,  ба ин ҳайат ҷарроҳони дил ва асаби кӯдакон, офталмологҳо ва урологҳо шомиланд.

Дар назар аст, ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мулоқот анҷом диҳанд.

Сафари ҳайати мазкур то 21 феврали соли равон идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ аз чандин давлатҳо табибон ба Тоҷикистон омада, шаҳрвандони моро ройгон табобат карданд.

Февраль 18, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд