ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад

Февраль 4, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15  ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-25 ва рӯзона 9-14  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барфи тар дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 5-10  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон   борон меборад. Дар баъзе минтақаҳо боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 0-5  ва  рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон  ва дар баъзе ҳолатҳо борони шиддатнок дар  назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борон  дар назар аст.  Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 9- 11 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 4, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд