Озодапаланг ифтихори миллии Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон маъракаи ҳифзи ҳайвоноти нодир, ки шумораашон дар табиат сол ба сол кам мешавад, ба таври густурда равнақ мегирад. Зеро онҳо бо мавҷудияти хеш на танҳо табиатро зебо менамоянд, балки ҳузури онҳо дар кӯҳистон диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд.
Яке аз чунин ҳайвоноти нодир, ки дар кӯҳистони Тоҷикистон вомехӯрад, бабри барфӣ аст.
Бабри барфӣ, ки онро гузаштагони тоҷикон озодапаланг меномиданд, даррандаи калонҷусса буда, ба оилаи гурбаҳо ва зероилаи бабрҳои барфӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи андоза ва намуди зоҳирӣ бабри барфӣ ба паланг (леопард) шабоҳат дорад. Дарозии баданаш ба 100-130 см ва думаш ба 92-105 см мерасад. Вазни модинаҳо 35-40 кг ва наринаҳо 45-55 кг-ро ташкил медиҳад. Мӯинаи дарози дорои табиати зич, думи дарози серпашм, панҷаҳои васеъ бо чанголҳои кӯтоҳ ва мушакҳои пурқуввати қафаси сина аломатҳое мебошанд, ки мутобиқшавии бабри барфиро барои зист дар шароити сарди иқлими баландкӯҳ ифода менамоянд.
Барои он бабри барфиро озодапалоанг мегӯянд, ки дар баландии тоза зиндагӣ карда, хӯроки тоза мехӯрад. Хислати аҷоиби озодапаланг дар он аст, ки он монанди гург даҳшати бисёр намеорад. Вай исрофкор ҳам нест. Агар як бузро то хӯрда тамом накунад, ба дигараш кордор намешавад. Ин сабаби асосии озодапаланг ном гирифтани ин ҳайвон мебошад.
«Озодапалангро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон дар баландии аз 1 ҳазору 600 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дидан мумкин аст. Бештар ин дарранда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҳисор дида мешавад, зеро дар ин ҷойҳо майдонҳои васеъ мавҷуданд»,- зикр намуд роҳбари Муассисаи давлатии лабораторияи ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Сафаров дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Ба андешаи номбурда, имрӯз озодапалангро дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Ванҷ, Язғулом, Рўшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкол, Сарикол, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон ва Пасиолой дидан мумкин аст.
«70% масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ва Помир ҷойгир шудааст», — омадааст дар «Китоби сурхи Тоҷикистон».
Бино ба маълумоти Неъматулло Сафаров, бабри барфӣ низ ба феҳрасти ҳайвонҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта шомил мебошад.
Аз рӯи маълумоти «Китоби сурхи Тоҷикистон», то аввали солҳои 80-уми асри гузашта шумораи бабри барфӣ дар мамлакат тақрибан 300 сарро ташкил медод. Муҳаққиқони соҳа шумораи умумии бабри барфиро дар миқёси ҷаҳон аз 3500 то 6 000 сар баҳогузорӣ мекунанд.
«Тибқи саршумори тахминии имрӯза, шумораи озодапаланг дар Тоҷикистон аз 350 то 500 сарро ташкил медиҳад ва шояд аз ин ҳам бештар бошад. Ҳоло мо дар нуктаҳои санҷишӣ техникаву асбобҳои нави замонавӣ насб намудаем, ки дар як вақт ҳам сурат ва ҳам наворбардорӣ мекунанд. Ба ин восита дар наздиктарин фурсат саршумори дақиқи он муайян карда мешавад» , — илова намуд Неъматулло Сафаров.
Аз ин маълумот бармеояд, ки тахминан 10 % популятсияи ҷаҳонии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аст.
Ба маълумоти ҳамсуҳбати мо, барои ҳифз ва зиёд намудани саршумори озодапаланг дар Тоҷикистон бисёр корҳо амалӣ карда шудаанд. «Баъзе ҳолатҳо мушоҳида мешаванд, ки озодапаланг ба маҳалҳои аҳолинишин фаромада, моли мардумро мехӯрад. Барои пешгирии ин ҳолат Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд дар баландкӯҳҳо оғилхонаҳои махсус сохтаанд, то ки ин дарранда ҳифз карда шавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳифзи ин дарранда таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Барои мисол, моҳи феврали соли гузашта сокинони деҳаи Имоми ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон шоҳиди ҳамлаи бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ шуданд. Бабр ба ҳайвоноти хонагии онҳо ҳамла карда, чандин сар чорвои майдаашонро ба ҳалокат расонид. Соҳиби хона дару равзанаи оғилхонаро сахт баста, ба Раёсати муҳити зисти вилоят хабар дод.
Он вақт сардори шуъбаи олами наботот ва ҳайвоноти раёсати мазкур Шакар Юсуфбеков ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «баъди ба маҳали ҳодиса расидан қафаси оҳанинро дар назди дари оғилхона гузоштем. Бабри барфӣ гӯштро дар даруни қафас дида, худаш вориди он шуд. Баъдан ин бабр ба ағбаи Кӯҳтезак, ба як минтақаи дур аз маҳали аҳолинишин интиқол дода шуд».
Неъматулло Сафаров дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки бабри барфӣ одатан тарзи ҳаёти ҷудогона мегузаронад ва танҳо дар мавридҳои алоҳида гурӯҳҳои хурди иборат аз 6 сарро ташкил медиҳад.
Аз рӯи маълумоте, ки дар «Китоби сурхи Тоҷикистон» омадааст, шумораи насли озодапаланг аз 1 то 5 сарро ташкил медиҳад.
Паҳншавии он ҳудуди 12 мамлакати дунё-Ҳиндустон, Бирма, Бутан, Непал, Чин, Муғулистон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россияро дар бар мегирад. Масоҳати воқеии паҳншавии он 3 млн. км мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимнан, шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз соли 1968 расман манъ карда шудааст. Пӯсти бабри барфӣ пурқимат буда, ба он талабот зиёд аст. Шикори ғайриқонунии бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобаста аст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»