Раҳматулло Мирбобоев: «Лоиҳаи бунёди панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик ба имзо мерасад»

Февраль 1, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 1.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба анҷом расонида, барои тасдиқ ба Федератсияи Россия фиристода шуд. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд. Дар ин бора муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, мактабҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд карда мешаванд. Қитъаи замин барои сохтмони мактабҳо аллакай ҷудо гардидааст. Дар ҳамаи ин мактабҳо таҷҳизоти муосир насб карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишаст масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ ба Тоҷикистон низ ба миён омад.

Раҳматулло Мирбобоев дар ин хусус иброз дошт, ки соли гузашта аз Россия ба Тоҷикистон қариб 60 ҳазор китобҳо, аз ҷумла китоби дарсӣ ворид гардиданд. Китобҳои нав на танҳо ба 31 мактаби кишвар, ки бо забони русӣ таълим ба роҳ мондаанд, балки ба мактабҳои тоҷикӣ, ки дар онҳо забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад, тақсим карда шуданд. Илова бар ин, аз ин шумора 400 адад ба Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон барои тайёр кардани омӯзгорони мактабҳои миёнаи мамлакат супорида шуд.

«Имсол мо барои дастрас намудани китобҳои дарсии стандартикунонидашуда бо забони русӣ дархост намудем, вале то ҳол ҷавобро интизорем. Аз ин рӯ, дар вазорат қароре қабул карда шуд, ки  воситаҳои таълимиро аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума намуда, барои эҳтиёҷмандон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки таълимоташон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, дастрас намоянд», — гуфт муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Февраль 1, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд