Резервати биосферии Ромит барои зиёд кардани гавазни бухороӣ мусоид мебошад

Февраль 11, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Азизулло Исматзода дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон ҷиҳати зиёд кардани популятсияи оҳуи  бухороӣ  чунин посух дод: «Тибқи супориши протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  барқарор кардани гавазни бухороӣ 3 сар гавазн аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба резервати «Ромит» оварда шуда, давоми 3 сол ба 15 сар расонида шуд. Ҳоло ин гавазнҳо ба муҳити резерват (минтақаи зист) мутобиқ шуда, нигоҳубини ин  намуди ҳайвоноти нодир дар ҳолати хуб мебошад».

Ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Убайдулло Акрамов иброз дошт, ки  «мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки  ҳарчи зудтар популятсияи гавазни бухороиро дар экосистемаи резервати биосферии Ромит бояд барқарор кард. Хушбахтона, мо тавонистем дар  резервати биосферии Ромит як парваришгоҳи замонавӣ таъсис диҳем».

Ба иттилои мавсуф, ҳоло дар ин парваришгоҳ зиёда аз 15 сар гавазн ба зист мутобиқ шудаанд. Айни замон 5 сар гавазни модинае, ки қобилияти наслдиҳӣ  доранд, бордор буда, соли 2019 ин саршумор боз ҳам зиёд  мешавад.

«Бояд зикр намуд, ки барои таҷриба 3 сар гавазни бухороӣ  барои тадқиқот  ба табиати ёбоии ин минтақа ба муддати 8 рӯз сар дода шуданд. Натиҷаи тадқиқот маълум намуд, ки гавазни бухороӣ  ҷиҳати мутобиқшавӣ ба қисмати системаи нимакӯҳӣ ва баландқӯҳи резервати биосферии Ромит хеле хос  мебошад.   Резервати  биосферии Ромит  ва экосистемаи ин минтақа барои зиёд кардани  ин навъи гавазнҳо мусоид мебошад»,- зикр намуд Убайдулло Акрамов.

Февраль 11, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст