Шамсиддин Орумбекзода: «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бояд дар сатҳи баланд гузаронида шавад»
ДУШАНБЕ, 28.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Китоб равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар семинар Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуда, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳарф зад. Вазири фарҳанг иброз дошт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бояд дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ гузаронида шавад.
Сипас намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Хонаи китоби Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва ҳафтаномаи «Баҳори аҷам» дар мавзӯъҳои гуногун оид ба нақши фестивал дар тарғиби адабиёти бачагона ва камолоти маънавии кӯдакону наврасон изҳори назар намуданд.
Бояд гуфт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, соли равон ҳафтаи китоб аввали моҳи апрел оғоз ёфта, то охирҳои моҳ идома хоҳад кард.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






