Шурӯъ аз 25 феврал дар Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз мекунад

Февраль 22, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 25 феврали соли 2019 дар пойтахти мамлакат хатсайри нави автобусии №29 ба фаъолият оғоз менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, хатсайри мазкур аз Беморхонаи Қарияи боло то  маҳаллаи Пахтакор тӯл кашида, автобусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад ҳаракат менамоянд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир  дар хатсайри автобусии №29  истифода баранд», -хабар дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Февраль 22, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад