Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуд

Февраль 18, 2019 14:50

ДУШАНБЕ, 18.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки аз 22 то 26 марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, мушаххас гардид.

Ба ҳамин тартиб, футболбозони тоҷик дар аввалин вохӯрӣ -22 март дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд бо олимпичиёни Ҳиндустон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ  соати 15:00 дар назар аст.

Дар даври дуюм- 24 март шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Покистон дар варзишгоҳи «Локомотив» ва 26 март бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон дар варзишгоҳи «Пахтакор» қувва месанҷанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд мегузаранд,  роҳхат мегиранд.

Дар сурати соҳиби ҷои аввал шудан ё ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ҷойгир шудани мизбони бозиҳо-дастаи мунтахаби Таиланд  дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат варзад.

Пас аз ҷамъбасти Чемпионати Осиё се дастаи беҳтарини қитъа ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро, ки дар Япония мегузаранд,  пайдо менамоянд.

Чемпионати Осиё-2020 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола (U-23)

Бозиҳои интихобӣ

Гурӯҳи «F»: Ӯзбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.

Даври 1

22 март (ҷумъа)

15:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон. Варзишгоҳи  «Локомотив»

17:00 – Ӯзбекистон – Покистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 Даври 2

24 март (якшанбе)

15:00 – Покистон – ТоҷикистонВарзишгоҳи  «Локомотив»

17:00 – Ҳиндустон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3

26 март

26 март (сешанбе)

15:00 – Ҳиндустон – Покистон. Варзишгоҳи «Локомотив»

17:00 – Ӯзбекистон – ТоҷикистонВарзишгоҳи  «Пахтакор»

Февраль 18, 2019 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад