ТО ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР МАМЛАКАТ БЕШ АЗ 400 ИНШООТИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ НИЗОМӢ СОХТА, БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ба саволҳои АМИТ «Ховар» посух дод
ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлол буда, дар ҳамин давра таъсис ва дар як муддати кӯтоҳ ташаккул ва обутоб ёфтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки нақши Артиши миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон басо бузург аст. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд суол ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо муроҷиат намуд.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам вазир, мехостем Шумо ва тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, дар хизмат ва фаъолияти ҳамарӯзаатон пешравиҳо таманно кунем. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягона давлатест, ки артиши худро аз сифр бунёд кардааст. Ба мо аз артиши абарқудрати шӯравӣ қариб чизе аз таҷҳизоти моддӣ-техникӣ боқӣ намонд. Ҳарчанд дигар ҷумҳуриҳо тамоми ҷузъу томҳоеро, ки дар ҳудудашон буданд, миллӣ карданд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ давлати тозабунёди мо дучори фоҷеаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид ва артиши мо маҳз дар ҳамин давра ташкил шуда, дар кӯраи ин ҳаводис обутоб ёфт. Дар оғози суҳбат хуб мешуд дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули Артиши миллӣ мухтасар барои хонандагони мо маълумот медодед.
Шералӣ Мирзо: Ташаккур. Дар навбати худ солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад, ба Шумо ва хонандагони сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» муборакбод мегӯям.
Дарвоқеъ, 23 феврали соли 2019 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буданд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар он айём заминаи зарурии моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Гуфтан мумкин ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардидааст.
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар асоси он Қувваҳои мусаллаҳи мо дар заминаи неруҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуданд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ се марҳиларо паси сар намудаанд. Марҳилаи аввал замони ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Марҳилаи дуюм- давраи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии низомӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Марҳилаи асосӣ- ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онҳо мебошад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи қувваҳои мусаллаҳ фаъолият доранд: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ -ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониву мулоқотҳояшон бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки вазъи имрӯзаи дунё ва таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимии низомӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро дар мадди аввал гузорем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ягон давлат бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад, зеро артиш сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.
АМИТ «Ховар»: Вобаста ба ин омодагии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва пуррагардонии сафҳои Артиши миллӣ имрӯз дар кадом ҳолат қарор дорад?
Шералӣ Мирзо: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии низомӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Ба ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд. Танҳо давоми соли 2017 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, мошинҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.
Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд.
Умуман дар ин солҳо саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусалдлаҳи Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагон, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои артиш заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
АМИТ «Ховар»: Пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ аз ҳисоби афсарони касбӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Шералӣ Мирзо: Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷии дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро беш аз 200 нафар афсарони касбӣ аз рӯи 17 ихтисос хатм менамоянд, қариб 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Германия ва дигар кишварҳои дуру наздик баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овардаанд, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шавад. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ қариб 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки аксари онҳоро курсантону шунавандагони академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Вазир, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кадом самтҳо ба роҳ монда шудааст?
Шералӣ Мирзо: Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши кишварамон ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.
Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба дорад.
АМИТ «Ховар»: Пӯшида нест, ки Сарвари давлат, Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар қишри ҷомеа ба масоили таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист низ диққати махсус медиҳанд…
Шералӣ Мирзо: Бале, масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо дар ин бобат аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудаанд. Дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.
Пӯшида нест, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ аз ҳудуди пойтахт ва дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд.
Дар самти рушди Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, хароҷоти камтарин, бо назардошти меъёрҳои ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо ҳамаи сохтору мақомоти идорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ дар самти бунёдкориву созандагиҳо чӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд?
Шералӣ Мирзо: Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои таълимии навъҳои қӯшунҳо ва навсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бомаром идома доранд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 400 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани ҳамаи шароити муносиб ба талаботи ҳарбӣ маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Вобаста ба баланд бардоштани саҳми занон дар ҷомеа, алалхусус занону бонувони низомӣ Вазорати мудофиаи мамлакат чӣ тадбирҳо роҳандозӣ менамояд?
Шералӣ Мирзо: Оид ба баланд бардоштани саҳми бонувон дар ҷомеа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхории баланд зоҳир менамоянд. Зеро зан- модар чароғи хонадон, модари мушфиқу ғамхор, зани меҳрубон, хоҳари дилсӯзи ҳар яки мост. Аз ин рӯ Президенти мамлакат барҳақ изҳор медоранд, ки ҷомеае, ки нисбат ба зан- модар бепарво аст, ояндаи худро аз даст медиҳад.
Имрӯзҳо занону духтарони кишварамон чӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ ва чӣ дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият менамоянд. Онҳо дар Артиши миллии Тоҷикистон низ мавқеи хосса дошта, дар баробари мардон дар ҳамаи самтҳо хизмати шоиста ба ҷо меоранд. Сарвари давлат низ саҳми онҳоро дар таҳкими Артиши миллӣ ба назар гирифта, занону бонувонро бо манзилҳои зист таъмин менамоянд. Онҳо сазовори медалу ифтихорномаҳо гардида, дар вазифаҳои гуногун пайи иҷрои вазифаи пуршарафи хизматӣ мебошанд.
Нарзулло АЛИЗОДА,
хабарнигори АМИТ «Ховар»