То ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ чор иншоот ба истифода дода мешаванд
РӮДАКӢ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми деҳоти мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда мешаванд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ҷумҳурӣ коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Бахшида бо ин ҷашни миллӣ то имрӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ се адад хати оби нӯшокӣ, як пул бо дарозии 12 метр ва ду синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Раиси ҷамоати Қиблаӣ Қандилҷон Каримов иброз дошт, ки сокинони баъзе аз деҳаҳои ҷамоат ба мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ гирифтор буданд. Хушбахтона, соли 2018 корҳои сохтмонии хатти оби нӯшокии деҳаи Лойоб дар масофаи 5 км барои 220 хоҷагӣ ва як муасисаи таълимӣ, хатти оби нӯшокии деҳаи Қулписта аз масофаи 8 км барои 340 хоҷагӣ, оби нӯшокии деҳаи Ҷаландар аз масофаи 2,5 км барои 90 хоҷагӣ ва пули деҳаи Ҷаландар бо дарозии 12 метр ба итмом расида, мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд.
Ҷамоати Қиблаӣ аз нуҳ деҳа иборат мебошад, ки айни замондар ҳудуди он бо ташаббуси соҳибкорон се ҳаммоми замонавӣ ва се сартарошхона фаъолият дорад. Дар назар аст, ки масъулини ҷамоати Қиблаӣ тибқи нақша дар муддати се сол 14 синфхонаи иловагӣ, як ҳаммоми замонавӣ, як сартарошхона, се бунгоҳи тиббӣ, хобгоҳ барои омӯзгорон ва хатти оби нӯшокии деҳаи Охтоқро аз масофаи 5,5 км барои 470 хоҷагӣ ба истифода диҳанд.
Сокинони ҷамоат қисми зиёди корҳои сохтмониро тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона иҷро менамоянд. Ҳамзамон дар маблағгузории сохтмонҳои ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшаванда соҳибкорону сокинон саҳми арзанда мегузоранд.
Ин аст, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди ҷамоат 4 иншоот, аз ҷумла се бунгоҳи тиббӣ ва як хобгоҳи омӯзгорон ба истифода дода мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






