24 МАРТ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ. Тадбирандешӣ дараҷаи сирояти ин бемории хавфнокро кам мекунад

Март 24, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 24.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Вақти амал кардан»- таҳти ин шиор имсол бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил   таҷлил  мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад.

Аз рӯи маълумоти ТУТ, ҳар сол дар дунё 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил шуда, 3 миллион нафар ҳалок мегарданд. Аз ҷумла, ҳар рӯз дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. ТУТ ҳамчунин хабар додааст, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва тадбирҳои андешидашуда дараҷаи сироятёбӣ аз ин бемории хавфнок дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад.

Бояд  зикр кард, ки соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли  омӯзиш  дар ташхисгоҳ  барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд.    Бемории сил (БС)  аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон мегузарад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.  Аз ин ҷост, ки паҳншавии ин беморӣ  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Мавриди  зикр аст, ки  дар Тоҷикистон  низ  бемории сил яке аз мушкилиҳои асосӣ дар самти фаъолияти  соҳаи тандурустии  мамлакат маҳсуб мешавад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   як зумра  барномаҳои зиддисилӣ ба имзо расидаанд.

Дар робита ба ин  зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода зикр намуд, ки  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3 барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд.  Ба гуфти ӯ, «айни замон мо аз рӯи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» барои солҳои 2015-2020 фаъолият дорем. Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд — Барномаи ЮСАИД, Лоиҳаи «КНСВ», Лоиҳаи «ХОУП», Лоиҳаи «Табибони бидуни марз», ки хусусан дар байни кӯдакон фаъолият мекунанд ва инчунин Лоиҳаи «Каритас Люксенбург», ки асосан дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият доранд, барои ҳарчи беҳтар ташхис намудани беморон таҷҳизоти муосир ворид гардида, дар муассисаҳои тандурустӣ насб шудаанд».

Ба гуфтаи А.Раҷабзода, солҳои пешин барои муайян кардани бемории сил ва намудҳои он зиёда аз ду моҳ муҳлат лозим буд.  Баъд аз ворид шудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва муосир, хушбхтона, имрӯз ин мушкилот рафъ шудааст. Айни ҳол бо истифода аз  таҷҳизоти ҳозиразамон дар муддати ду соат ҳам ташхис ва ҳам мутобиқати чӯбчамикроби сил ба доруҳои асосии зиддисилӣ муайян карда мешавад.

Инчунин  А.Раҷабзода зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ доруҳои зиддисилӣ  барои тамоми намуди беморони сил ба таври ройгон дастрас карда мешаванд. Ҳамчунин иброз намуд, ки  аз соли 2015 инҷониб ба ҷумҳурӣ доруҳои нави зиддисилӣ- курси кӯтоҳмуддати зиддисилӣ ворид карда шуд. Ин намуди беморон, яъне  дорои шакли мутобиқгаштаи бемории сил  дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ба қайд гирифта мешаванд. Агар дар вақташ доруҳои зиддисилиро мувофиқи тавсияи табибон қабул  намоянд,  дар муддати  9-12 моҳ шифо меёбанд, — афзуд ҳамсуҳбати мо

Ба гуфтаи профессори кафедраи фтизиопулмонологии Донишгоҳи давлатии табии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, табиби  Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи  бемории сили шаҳри Душанбе     Умринисо Сироҷиддинова,  муҳлати табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳро дар бар мегирад, ки бо истифода аз як қатор  доруҳои маҷмӯии  зиддисилӣ бемор ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар ин муҳлат риояи дурусти доруҳо имкон медиҳад, ки бемор  шифо ёбад.

«Ҳар як бемор бояд таҳти назорати табиб ё шахси масъул бошад, то доруҳоро сари вақт истеъмол кунад.  Агар бемор беаҳамиятӣ кунад, дар вақташ доруҳои тавсияшударо истеъмол накунад ва ё аз истифодаи дору даст кашад, бемории ӯ дубора хурӯҷ мекунад. Ин бор доруҳое, ки тавсия шуда буданд, дигар ба организми ӯ таъсир расонида наметавонанд. Дар ин ҳолат шахси бемор ба намуди дигари ин маризӣ-шакли мутобиқгаштаи сил мубтало мешавад, ки муҳлати табобати он вақти тӯлониро  дар бар мегирад», — зикр намуд профессор У.Сироҷиддинова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда   аст, агар   сари вақт ташхис гардида,   таъйиноти дурусти он    ба роҳ монда   шавад. Ин беморӣ   асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва дигар системаҳои   организми инсон   асар мегузорад.

Номбурда ҳамчунин  зикр намуд, ки ба  Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  кӯдакони сироятёфта барои табобат муроҷиат мекунанд. Беморхона дорои 50 кати табобатӣ буда, қариб беш аз 60-70 фисади беморон аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки дар назди беморхонаҳои вилояти шуъбаҳои бемориҳои сил  вуҷуд дорад, аммо он кӯдаконе, ки  шаклҳои хеле вазнини  сил доранд, дар ноҳияҳо ташхису табобати онҳо мушкил буда, онҳоро ба беморхонаи мо барои табобат равон мекунанд.

Тавре профессор зикр намуд,  дар соҳаи силшиносӣ  норасоии мутахассисон ҷой дорад. Бештар норасоии мутахасисон дар ноҳияҳои дурдаст ба мушоҳида мерасад. Ба гуфти мавсуф, «бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2019  маоши  табибони силшинос ва кормандоне, ки бевосита бо бемории сил фаъолият менамоянд,  ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад. Ва ман боварии калон дорам, ки ин камбудӣ роҳи худро ёфта, ноҳияҳои дурдаст низ бо мутахассисон таъмин мегарданд».

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 66 Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият доранд. Инчунин 4 маркази вилоятӣ – Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаи минтақавӣ дар вилояти Хатлон ва инчунин Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ва 22  шуъбаи бемориҳои сил дар назди марказҳои ноҳиявӣ фаъолият  мекунанд.

Бо иттилои Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода,  хушбахтона, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ солҳои охир  ин беморӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, давоми 10 соли охир фавт низ кам шудааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ, дар муқоиса бо 10 соли охир гирифторӣ ба бемории сил зиёда аз 25 нишондод ва фавт 50 фоиз, яъне 1 маротиба коҳиш ёфтааст. Агар соли 2008-ро бо соли 2018 муқоиса кунем, нишондоди беморшавӣ  аз 87,5 ба 100 ҳазор ва тибқи ҳисоботи пешакӣ, дар соли 2018  57,3 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ  расидааст, ки ин дастоварди хуб аст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 24, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ. Нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ муҳим ва асосӣ аст
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Бо ин мақсад бо афсарону сарбозони ноҳияи Лахш вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ соҳили дарёҳо мустаҳкам карда мешавад
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳри Турсунзода сарбозони аз хизмат баргаштаро бо тантана истиқбол намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд
«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандон баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд
«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд