36 намуд лолаҳои баҳорӣ ба Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» ҳусну таровати тоза бахшидаанд

Март 30, 2019 11:26

ХУҶАНД, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба худ намуди идона гирифтааст. Хосатан, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки як ҷузъи Маҷмааи фарҳангӣ -таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ҳисоб меравад, бо шинонидани 36 намуд лолаҳои гуногун бо теъдоди 300 ҳазор дона ба худ ҷойгоҳи идона касб намудааст. Зеро дар қатори дигар дарахтони ороишиву ҳамешасабз, чун дарахтони санавбар, булут, ардач, садбарги бутта, ёси ҳиндӣ, кипариси аризонӣ, туя, магнолия ва гулҳои мавсимӣ, лолаҳои гуногунранги баҳорӣ низ ба ҳусну таровати ин мавзеи сайёҳиву фароғатии соҳили рӯди Сир таровати хушманзари баҳорона зам намудаанд.

Бино ба иттилои масъулини Маҷмаа, амали мазкур дар доираи эҳёи яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон – Иди гули лола ва баргузории Фестивали вилоятии «Сайри гули лола», ки дар ин мавзеъ доир мегардад, рӯи кор омадааст.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардида, бештар диққати сайёҳони дохилиро ҷалб менамояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол дар раванди афзоиши шумораи сайёҳонӣ дохилӣ, инчунин таваҷҷуҳ ва теъдоди шаҳрвандон, сайёҳони мамлакатҳои хориҷи дуру наздик низ баҳри шиносоӣ бо мавзеъҳои ҷолиби минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони обтобрӯя ба маротиб меафзояд.

Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки танҳо соли сипаригашта аз МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 64 000 нафар меҳмонону сайёҳон дидан намудаанд.

Март 30, 2019 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад