ҒАЛАБА МУБОРАК, «ИСТИҚЛОЛ»! Дастаи футболи пойтахт маротибаи панҷум Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард

Март 5, 2019 18:10

ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалӣ дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 5 бар 2 шикаст дода, барандаи панҷкаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид.

Бозии мазкур имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир шуд.

Чемпиони чандкаратаи кишвар дастаи «Истиқлол» аввалин ҷоизаи худро дар мавсими футбол–2019 ба даст овард.

Голҳоро аз ҳайати дастаи «Истиқлол» Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Абдурасул Раҳмонов, Аҳтам Назаров ва  аз ҳайати дастаи «Кӯктош» Меҳроҷиддин Музаффаров ва  Шериддин Бобоев ба самар расонданд.

Март 5, 2019 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид