Қалби сайёҳони хориҷиро олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон тасхир намудааст
ДУШАНБЕ, 02.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 3 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олами вуҳуш таҷлил мегардад. Дар ин росто, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи барномаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоиш таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди сайёҳии экологӣ ва ҳифзу афзоиш додани саршумори ҳайвоноту набототи нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ баргузор шуд.
Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, коршиносон, олимону устодони Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимии кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ дурнамои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон тибқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тариқи рӯнамо муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, коршиносони соҳа дар мавзуъҳои ҷанбаҳои асосии муҳити табиӣ, ки ҳамчун замина барои сайёҳии экологӣ хизмат мекунанд, доираи ҳуқуқӣ ва иқтидори институтсионалии Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ, сайёҳии экологӣ-ҳамчун асоси принсипҳои нави ҳифзи табиати ёбоӣ дар Тоҷикистон бо рӯнамо маърӯза намуданд. Ҳамчунин тарзи нигоҳубин, роҳҳои афзоиш, пешгирии ҳолатҳои аз байн рафтани ҳайвоноти нодир, таҳияи барномаи алоҳида оид ба ҳифзи ҳайвоноту набототи нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, тарғибу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳии экологӣ баррасӣ гардиданд.
Дар қисмати дуюми кори ҳамоиш дар мавзуъҳои чӣ гуна арзёбӣ намудани дурнамои пешниҳодоти сайёҳии экологии Тоҷикистон дар бозори дохиливу глобалӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва сайёҳии экологии шаҳрвандӣ муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Дар фаровард оид ба тарзи нигоҳубин, роҳҳои афзоиш, пешгирии ҳолатҳои аз байн рафтани ҳайвоноти нодир ва таъмини рушди сайёҳии экологӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ эъломия қабул гардид.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таъмини устувории мувозинаи гуногунии биологии табиат, ҳифзу нигоҳдории зиёда аз 93% олами ҳайвоноту набототи нодир, барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ, гузаронидани мониторинги биологӣ ва арзёбии биологии ҳайвонот ва набототи нодир, амалисозии корҳои илмӣ — тадқиқотӣ оид ба таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, омӯзишитабиатиёбоӣ-нодир, ёдгориҳои табиию таърихӣ, мусоидат дар рушди сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият мекунад.
Мақсади асосии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳифзу нигоҳдории зиёда аз 13 000 намуди олами ҳайвонот, ки аз ин 222 намудаш ҳайвоноти нодир, 9700 намуди олами наботот, ки 267 намуди олами набототи нодири ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва Китоби сурхи Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат, дохил карда шуда, мебошад. Инчунин барқароркунии захираҳои гуногунии биологии популятсияҳои мавҷудоти зиндаи табиати ёбоӣ, таъмини мувозинати биологӣ-экологӣ ва устувории экосистемаҳои табиии нодиру камёби пурасрори табиати ёбоии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани механизмҳои устувори биологии истифодабирии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ тарғибу ташвиқи васеи захираҳои сайёҳии экологии мамлакатро ба таври васеъ ба роҳ монда, хатсайрҳои гуногуни саёҳати экологӣ барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои Қаратоғ, Ҳафткул, Ховалинг, Сари Хосор, Чилдухтарон, водии Рашт, минтақаҳои гуногуни Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва роҳандозӣ карда шудааст.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






