Ба тантанаҳои Наврӯзӣ ва баҳори Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани Наврӯзи Душанбе воқеан ҳам пойтахти Ватанамонро ба меҳвари чорабиниҳои бузурги фарҳангию сайёҳӣ табдил дода, меҳмонон ва сайёҳони зиёдро ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ҷалб намуд. Аз ҷумла, баргузор гаштани корвони шодиёнаи наврузӣ, тантанҳои ҷашни Навруз дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт, Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврўз — мероси фарҳангию сайёҳӣ”, чорабиниҳои дигари муҳташами наврузӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шукуҳу шаҳомати иди Наврӯзи байналмилалиро дар меҳани тоҷикон боз ҳам баландтар намуд, иброз доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Навруз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ чанд моҳи охир таблиғу ташвиқ гардида, дар моҳи марти соли ҷорӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд ва аз тантанаҳои Наврузӣ ва баҳори Тоҷикистон баҳра бурданд.
Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии наврӯзии худро таҳия намуданд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз сурудҳо ва рақсҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастсохти ҳунармандон, аз ҷумла ҳунарҳои косибӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ ба монанди гуштингирӣ, бандкашӣ, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тољикон, пухтани хурокҳои миллии хоси наврӯзӣ, аз қабили суманакпазӣ, далда ва тарзи омода кардани хурокҳои шакаробу қурутоб, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, љараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо, намоиши созҳои мусиқии миллӣ ва аз меҳани аљдодии Наврўз аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон дар мавсими Наврўзу баҳори ҳуснфизо ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Барои тарғибу ташвиқи Наврузу баҳори Тоҷикистон инчунин шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ, аз ҷумла шабкаи якуми телевизиони Федератсияи Россия ва шабакаи телевизионии “Хабар”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварда, барномаҳои ҷолиб таҳия намуданд.
Айни замон, имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла дар “Ютуб”, “Фейсбук” ва “Инстаграмм” зери унвони “TOURISM OF TAJIKISTAN” ба таври васеъ таблиғ карда мешаванд.
Инчунин, ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва телевизиони Тоҷикистон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмунҳои телевизонии “Сарзамини беназир” ва “Ватанро бишнос” аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ”, “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин мағозаи фуруши армуғон”, “Беҳтарин роҳбалад”, “Акси беҳтарин”, “Навори беҳтарин”, “Бозёфти муаллиф”, “Беҳтарин гузориши сайёҳӣ” ва “Беҳтарин филми мустанади сайёҳӣ”-ро эълон гардидааст.
Кумита ва Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” озмуни телевизионии “Пешниҳоди ман”-ро аз рӯи номинатсияҳои “Хатсайри нави сайёҳӣ”, “Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ” ва “Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ” эълон намуда, роликҳои таблиғотии онҳо мунтазам пахш мегарданд.












Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад






