Беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.
Имрўз озмун бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.
Дар маҷмўъ дар озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.
Баъди омўзиши аъзои комиссия 6 лоиҳа барои омўзиш ва баррасӣ ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар ниҳоят 3 лоиҳа ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор гаштанд.
Ҳамин тариқ, Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардид.
Лоиҳа бо рамзи «Амал», ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст, бо гирифтани 34 хол сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.
Лоиҳа бо рамзи «335577», ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон таҳия шудааст, 31 хол ва ҷойи сеюмро гирифт.
Нафароне, ки дар озмун ғолиб омаданд, бо туҳфаҳои пулӣ, дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иштирокчиёни озмун изҳори сипос намуда, пешниҳоди лоиҳаҳоро барои рушду шукуфоии шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 30,0 гектар бунёд карда мешавад.
Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.
Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрўя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.
Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омўзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.
Бунёди боғи «Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар идомаи раванди созандигиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи кишвар шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.












Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






