Бонки умумиҷаҳонӣ дар таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошти санитарӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон мусоидат мекунад

Март 2, 2019 13:49

ДУШАНБЕ, 02.03.2019./АМИТ «Ховар»/.   Хонаводаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тиббии ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ба хизматрасониҳои беҳтари обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.     Шӯрои директорони иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ  дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ  бо ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистонг маблағгузории грантиро барои лоиҳаи мазкур дар ҳаҷми 58 млн. доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд тасдиқ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

  Ҷиҳати кӯмаки Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон  дар ин бахш зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, ки соли гузашта дар Душанбе доир гардид, мувофиқа ҳосил шуда буд.

«Таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ дар хизматрасониҳои баландсифати обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар баробари таъмини хизматрасонии муносиби техникии иншооти дахлдор ба таҳкими саломатии алоҳӣ мусоидат намуда, дар пешгирии бемориҳои дарунрав дар байни кӯдакон, ки метавонанд боиси  таъхири инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии онҳо  шаванд, кӯмак мекунад»,  — мегӯяд Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Лоиҳаи таъминоти оби нӯшиданӣ ва беҳдошти санитарии деҳот зиёда аз 400,000 нафар ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд ва тақрибан 100,000 нафар, бахусус кӯдакон, аз сармоягузорӣ дар иншооти санитарию техникӣ ва омӯзиш оид ба масъалаҳои гигиенӣ дар мактаб манфиат мебаранд. Тақрибан дар 200 мактаб ва муассисаҳои тиббӣ иншооти санитарию техникӣ бунёд ё барқарор мегарданд. Дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳа чорабиниҳои фарогири беруназдарсӣ, ки ба ҷорӣ намудани усулҳои такмилдодашудаи гигиенӣ мусоидат мекунанд, гузаронида мешаванд. Тақрибан ба 1,000 хонаводаи аз ҳама камбизоат грантҳо барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ дар манзили онҳо ҷудо мегарданд.

Лоиҳа дар ҳафт ноҳия — Вахш, Леваканд, Кӯшониён,  Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун ва Восеъ татбиқ карда мешавад.

Сандуқи лоиҳаҳои ҷории Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 16 лоиҳа ба маблағи умумии 625 млн. доллари ИМА иборат аст. «Бонки умумиҷаҳонӣ ҷонибдори дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад», —  иқтибос намудааст суханони намояндаи  Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро хабарнигори АМИТ «Ховар».

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар бахши мазкур зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Муллер, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Душанбе доир гардид, мувофиқа ҳосил шуда буд. Зимни ин мулоқот Пешвои миллат ба Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати арзёбии аҳамияти бунёди НБО-и Роғун барои минтақа ва ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳо изҳори ташаккур карданд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд ва дастгирии молиявӣ дар самти ноил шудан ра рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳдошти сатҳи некуаҳволии сокинони он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Март 2, 2019 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд