Дар Қатар маҳсулоти занбӯрпарварони тоҷик муаррифӣ гардид

Март 4, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 04.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 феврали соли 2019 дар Давҳа-пойтахти Давлати Қатар Намоишгоҳи дуюми байналмилалии асал ба кори худ оғоз кард. Дар ғурфаҳои он маҳсулоти хоҷагиҳои занбӯрпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ва ҶДММ «Ганҷ -2013» Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» навъҳои маъруфи асали табобатӣ ва ғизоиро, ки дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд, муаррифӣ менамояд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ якчанд мулоқоту гуфтушунидҳои судманди ҳайати Тоҷикистон бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии Қатар сурат гирифтанд. Зимни онҳо ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, роҳҳои содироти асал ва дигар маҳсулоти соҳаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии асал дар Давҳа бо ҳузури 124 хочагии занбӯрпарвар аз 20 кишвари ҷаҳон ва 45 ширкати тиҷоратии Давлати Қатар, ки ба воридоти асал ва маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, то 7 марти соли 2019 идома меёбад.

Март 4, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд