Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон баргузор мешавад

Март 27, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Акнун амал кунед – то ояндаро эҷод кунед»-таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 28-29 марти соли равон конфронси минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон  баргузор мегардад.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиёни конфронси минтақавӣ  бештар дар бораи вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳаёти бевоситаи ҷавонон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он маълумоти бештар ҳосил менамоянд.

Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд,  Хазинаи  ҷамъиятии Япония ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Дар конфронс ҳамчунин ба масъалаи фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо, иштирок ва ҳамкории бевоситаи ҷавонон дар хаёти парламентҳои мамлакатҳояшон ва натиҷаи тадқиқоти демографии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Ёдовар   мешавем, ки дар конфронси мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои муқимии корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд,  иштирок менамоянд.

Март 27, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд