ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ховалинг боғҳои нав бунёд мегарданд
ХОВАЛИНГ, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ дар ноҳияҳои иқлимашон мусоид корҳои ниҳолшинонӣ бомаром идома доранд.
Абдусаид Саидов дар мавзеи Ҳалқаёри Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг давоми фаъолияташ даҳҳо гектар боғ бунёд кардааст ва ҳоло низ бо ҳамдеҳагон дар шинонидани ниҳолҳо кумак мерасонад. Ин мавзеъ дар қисмати ҷанубии ноҳияи Ховалинг ҷойгир шуда, сокинон ба васеъ намудани майдони боғу токзор камар бастаанд.
Тавре Абдусаид Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамасола дар ноҳияи мазкур майдони боғҳо васеъ карда мешавад. Хоҷагиҳои деҳконию инфиродӣ дар талу теппаҳо даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд намуда, дарахтони гуногуни мевадиҳандаи ба шароити иқлими минтақа мусоид мешинонанд.
Ба андешаи мутахассисони соҳаи боғу ток, дар мавзеи Ҳалқаёр дарахтон хуб нашъунамо мекунанд ва ҳосили фаровон ба бор меоранд. Аз ин рӯ хоҷагиҳои деҳконӣ бо маслиҳати мутахассисони соҳа бештар боғ бунёд карда истодаанд. Деҳқонон баробари бунёди боғҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишту кори баҳориро низ вусъат бахшида истодаанд.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






