Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2019» муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастгириҳои пайвастаи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат гушаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2019», ки аз 12 то 14 марти соли 2019 дар “Экспоцентр” — и шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ карда мешаваад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Россия дар қатори кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳсуб меёбад.
Имсол дар Намоишгоҳи мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ассотсиатсияи Эко-фарҳангии Помир, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Роҳат тур», ҶДММ «Ориент Адвентур», ҶДММ «Помир треккинг» ва ҶДММ «Симот» ширкат меварзанд.
Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадима инъикос гардидаанд.
Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ба васеъ гаштани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ҳошияи Намоишгоҳ 15 марти соли 2019 Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии аъзои ИДМ таҳти унвони «ИДМ: иқтисоди рақамӣ — платформаи ҳамгироӣ» баргузор мегардад, ки дар он мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ дар сайёҳӣ: ИДМ +Ҷаҳон» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-Москва» зиёда аз 1799 ширкатҳои сайёҳӣ аз наздики 200 мамлакатҳои олам имкониятҳои сайёҳии худро муаррифӣ намуда, байни намоишгоҳҳои муҳими байналилалии сайёҳӣ дар ҷаҳон мақоми панҷумро ишғол менамояд.









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






