«ХУШ ОМАДЕД! – «ХУШ КЕЛИБСИЗ!». Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии дигар ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими ифтитоҳи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилиии дуҷониба дар сарҳад миёни Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боботоғи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев, раиси Ҳисор Ш. Ҷумъазода ва раиси Боботоғ С. Хидиров иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори Хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғходжаев хабар медиҳад.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин рӯйдод дар назди гузаргоҳ ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон одамони зиёд дар даст парчамҳои ду давлат ва гулу гулдастаҳо ҷамъ омада, якдигарро шодбош мегуфтанд.
Дар доираи маросими ифтитоҳ ҳамчунин консерти идона баргузор гардид.
«Ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда буд. Ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид гардида, бо техника муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст», — иттилоъ дод М. Улуғхоҷаев.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 17 нуқтаи назоратӣ- гузаргоҳӣ фаъолият мекунад.
Ифтитоҳи гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати азму талош ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид.









Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






