Ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» оид ба мақоми Наврӯзи байналмилалӣ интишор ёфт
ДУШАНБЕ, 18.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» мунташир шуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, донишномаи мазкур, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таҳия гардидааст, туҳфаи арзандае ба аҳли илм ва мардуми фарҳангдӯсти кишвар аз номи муассисаи мазкур ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, китоб аз муқаддима ва 8 фасл (таърих, гоҳшуморӣ, рамзҳо, маросим, тадорукот, суннату ойинҳои наврӯзӣ, ашъори наврӯзӣ, Наврӯз дар ҷаҳони муосир, дигар ҷашнҳо ва Тартиби алифбоии матолиб) иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик соли 2018 дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида буд.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






