Имрӯз Пешвои миллат дар мақомоти судӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси фармон ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам бинобар ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим бинобар ба нафақа баромаданаш, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






