Муътабар Азимова ғолиби озмуни «Авто-Бону-2019» гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «Авто-Бону-2019», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД гузаронида шуд, Муътабар Азимова аз вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал ва соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи «Авто-Бону- 2019» гардид.
Дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ВКД ва Раёсати БДА ВКД озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмунро сардори Раёсати БДА Акбар Насимзода оғоз намуда, иброз намуд, ки мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардидааст. Дар ин радиф Раёсати БДА ВКД бо иштироки бонувони ронанда тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни навбатии маҳорати касбӣ байни занону духтарони ронанда «Авто – Бону-2019»-ро гузаронад.
Мавсуф иброз намуд, ки гузаронидани чунин озмун, пеш аз ҳама, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда, таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садаманокӣ гузаронида мешавад. Аз таҳлилҳои коршиносони соҳа бармеояд, ки бонувон зимни идора намудани мошин нисбат ба мардон бо эҳтиёт буда, ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳама ҳолат риоя менамоянд.
Озмун аз рӯйи даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Рондани автомобил дар Автодром», «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, озмуни «Авто-Бону-2019» ҷамъбаст ва ғолибону иштирокчиёни фаъоли он муайян гардиданд. Аз рӯи натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Муътабар Азимова аз вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи «Авто-Бону 2019» гардид. Ҷойи дуюм насиби Мавлуда Саидова аз шаҳри Роғун гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар- Мадина Ҳотамова, корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба даст овард.
Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон ҷоиза ба Зуҳро Холбобоева дода шуд, ки ӯ 45 сол мешавад миёни мардум ҳамчун ронанда шинохта шудааст.
Ҳамчунин сардори Раёсати БДА ВКД Акбар Насимзода ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супурд.








Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ






