Ифтитоҳи бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 30.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмиру навсозии сохтмон баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, таъмиру таҷдиди иншооти мазкур моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи биноро дар рӯзҳои таҷлили иди баҳору зебоӣ — Наврӯзи хуҷастапай ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони вилояти Суғд табрик намуданд.
Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузоштанд.
Бинои Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 0,85 га қомат афрохта, масоҳати умумии он 2273 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Дар таҳхонаи қаср синфи компютерӣ, забономӯзӣ, чевархона, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ — этнографии фалак ҷойгир аст.
Дар ошёнаи дуюм маҳфили ихтироъкорон, меъморон, инчунин омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, толори калони барҳавои намоиш барои 700 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон ҷойгир мебошанд.
Бинои хуштарҳу замонавии Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳ намудани зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Қасри ҷавонон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба ин неруи созанда дар фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Даъват ба амал оварданд, ки ҷавонони бонангу номуси Ватан бо истифода аз шароити муосири хубу арзанда барои омӯзиш ва фаъолият, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ фаъолият намуда, барои пешрафт ва ободии сарзамини аҷдодӣ-Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузоранд.
Баъди суханронии Пешвои миллат аз ҷониби ҷавонони шаҳр барномаи мукаммали фарҳангӣ, ки тараннумгари ваҳдату истиқлолият ва шукргузории онҳо аз давлату ҳукумати кишвар буд, пешкаш карда шуд.
Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ ба аҳли ҳунари Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 54 адад асбобҳои гуногуни мусиқии миллӣ тақдим гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






