Тоҷикистон меваю сабзавоташро ба бозорҳои Аврупо мебарорад

Март 13, 2019 14:24

ДУШАНБЕ, 13.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» стандартҳои КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) ҳамчун стандарти миллӣ таҳия карда шуда, баъди баррасӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд.

Дастоварди мазкур ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат ба рушди содирот мусоидат намуда, дар доираи лоиҳаи «Содагардонии раванди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» ҷиҳати  таҳияи  стандартҳои кишоварзӣ дар ҳамкории Агентии «Тоҷикстандарт» бо Комиссияи  иқтисодии аврупоии  СММ (ЕЭК ООН)  анҷом  дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки таҳияи  стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии аврупоии  СММ (ЕЭК ООН)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкон медиҳад, ки  меваю  сабзавот ва донагиҳо ба бозорҳои Аврупо бе монеа содирот карда шаванд.

Бо ин мақсад ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалие, ки барои дастрасии васеи маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозорҳои ИМА, Аврупо ва Осиё мусоидат менамоянд, таҳия ва таҷдиди стандартҳои кишоварзии Комиссияи иқтисодии аврупоии  СММ (ЕЭК ООН)  дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси Гурӯҳи кории техникӣ дар ин самт  аз ҷониби роҳбарони мақомоти стандартизатсия ва метрологияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Узстандарт) ва Агентии Тоҷикстандарт Протоколи дурнамои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Айни замон бо ҷалби намояндагони мақомоти марбутаи се кишвари Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қирғизистон ва  Ӯзбекистон Гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи якуми он дар  шаҳри Бишкеки  Қирғизистон баргузор гардид. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатӣ дар Тоҷикистон  гузаронида шавад.

Март 13, 2019 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид