«1085 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 928 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд»-шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 04.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар сархати матбуоти тоҷик қарор дошт. Ёдовар мешавем, ки 30 марти соли равон Президенти мамлакат бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф бурданд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 3 апрели соли соли равон (№62 (23665)) таҳти сарлавҳаи «Идомаи сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд» аз иштироки Пешвои миллат рӯзи 2 апрели соли равон дар фестивалҳои «Сайри гули лола», «Таомҳои миллии наврӯзӣ», ифтитоҳи «Роҳи танобӣ», инчунин ифтитоҳи киштии рамзӣ – Тарабхонаи «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷанд гузориши муфассал ба нашр расонид. Аз ҷумла, дар гузориши мазкур чунин омадааст: «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.
Ба гуфти таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи «Ҷашни гули сурх» хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд».
Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои «Таълими калонсолон. Ҳанӯз ҳам мушкилиҳо ҳастанд», «Идеяи давлати теократӣ-идеяи бунбастӣ», «Картошка. Ҳифзи он дар мадди аввал», «Мактаб. Хишти аввал рост бояд гузошт!» ва «Мавлоно. Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст» ва ба ин монанд мақолаҳои ҷолибу хонданбоби коршиносон пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардидааст.
Дар нашрияи парлумонии мамлакат- «Садои мардум» (№38, 02.04.2019) аз ҷараёни кори баргузории ҷаласаи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум гузориши мукаммал ба нашр расидааст.
Дар саҳифаи чоруми ҳамин шумораи рӯзномаи мазкур таҳти сарлавҳаи «Вазъи риояи қонунгузории замин нигаронкунанда боқӣ мемонад» аз Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (29.03.2019) гузориши муфассал манзури хонандагони рӯзнома гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки зимни баррасии ин масъала дар ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чунин омадааст: «Вобаста ба таъмини риояи қонунгузории замин 2504 санади эътиноӣ татбиқ, 3 450 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 1 085 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 928 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд». Дар гузориши мазкур ҳамчунин омадааст, ки Прокурори генералӣ зимни пешниҳоди ин ҳисобот иброз доштааст: «Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, бо натиҷаи 158 санҷиши прокурорӣ 805 санади эътиноӣ татбиқ ва 320 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 108 млн. сомонӣ музди меҳнат пардохта шуд».
Нашрияи «Народная газета» дар шумораи 3 апрели соли равон (№15 (20193) мақолаҳои «Чакан- рамзи ҳунарҳои миллӣ», «Ташвиқгари илми тоҷик», «Ҳамеша пешгом» ва аз дигар воқеаву рӯйдодҳои охири мамлакат ва берун аз он хабару гузоришҳоро чоп карда, оид ба навигариҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумоти ҷолиб пешниҳоди хонандагон кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Иқдомҳои ТАЛКО барои навсозии истеҳсолот», «Афзоиши имтиёзҳои андоз ба манфиати кист?», «Рушди маҳал заминае барои ободии кишвар», «Деҳи ман як пораи хоки Ватан», «Арзишҳои фарҳангӣ ва ҷомеаи муосир», «Ҷилои сафобахши оинаи табъ» ва «Бозтоби Наврӯзи бостонӣ дар хилофати исломӣ».
«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мақолаҳои хабарнигорони ин рӯзномаро таҳти сарлавҳаҳои «Ганҷи маонӣ», «Тарбияи фарзанд-рисолати муқаддаси волидайн», «Ту худ наомадӣ, ки зи худ боз равӣ…», «Нақшу нигори миллӣ-бозгӯи таърихи дерина», «Тарбияи насли наврас- рисолати мо» ва ғайраҳоро нашр кардааст, ки мутолиаи онҳо ба хонандагон як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад. Аз ҷумла, мухбири ин рӯзнома Х. Давлатова дар мақолааш «Ту худ наомадӣ, ки зи худ боз равӣ…» кӯшиш намудааст, ки дар суҳбат бо коршиносон, равоншиносон ва дигар мутахассисони ин соҳа сабаби афзоиши падидаи номатлуб- даст ба худкушӣ задани занону мардонро дарёбад. Дар мақолаи мазкур Лола Исмоилова, бонуе, ки бо истеъмоли 30 дона димедрол суиқасд ба ҷони хеш кардааст, дар суҳбат ба муаллиф иброз медорад: «Аз кори хеш пушаймонам ва ба дигарон тавсия медиҳам, ки ба ин кор даст назананд, зеро тамоми мушкилиҳои зиндагӣ ҳалшавандаанд. Зиндагӣ бо ҳама бешу камиҳояш зебост, набояд онро ин гуна тарк кард».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»