ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 дар ноҳияи Синои пойтахт 1704 иншоот бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Дар доираи ин омодагиҳо барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои пойтахт бунёди гулгаштҳои муосир идома доранд. Гулгаштҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишӣ насб гардидаанд.
Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Сино Сафар Олимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла, сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ ва 150 партовгоҳ ба нақша гирифта шудааст.
«Бо дастури Пешвои миллат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бояд илова намуд, ки бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд. Ин иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Сино сохтмони 23 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона идома дорад», — афзуд номбурда.









Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд






