АИ «Синхуа»: Ташаббуси ҶМЧ «Камарбанд ва роҳ» метавонад ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мусоидат намояд – Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон
ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси роҳбари Чин «Камарбанд ва роҳ» метавонад ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигорони ВАО-и Чин изҳор дошт, менависад Агентии иттилоотии «Синхуа».
«Аз нигоҳи ман, ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» кишварҳоямонро ба як нақшаи умда ва бузург мепайвандад ва ин нақша метавонад ба татбиқи як зумра ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла тавсеаи иқтидори транзитии мо мусоидат кунад. Илова бар ин, ин ташаббуси роҳбарияти Чин метавонад ба кишвари мо, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, дар таъмини дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд», — иброз дошт Президент.
Тавре Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то 2030 соли 2016 қабул гардид. Он асосан фарогири барномаи ҷаҳонии амал дар самти рушди устувор, ки соли 2015 Маҷмаи умумии СММ қабул намуд, мебошад.
Ӯ чаҳор ҳадафи стратегӣ барои Тоҷикистонро махсус зикр намуд: расидан ба амнияти энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ; баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вусъат додани иқтидори транзитии кишвар; расидан ба амнияти озуқаворӣ, инчунин вусъат бахшидани шуғли пурмаҳсул.
«Мутобиқ ба ҳадафҳои стратегиамон бо лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» мо тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавиро фаъолона идома медиҳем», — гуфт дар хотима Президент.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






