АИ «Синхуа»: Ташаббуси ҶМЧ «Камарбанд ва роҳ» метавонад ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мусоидат намояд – Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон

Апрель 22, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Ташаббуси роҳбари Чин «Камарбанд ва роҳ» метавонад ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигорони ВАО-и Чин изҳор дошт, менависад Агентии иттилоотии «Синхуа».

«Аз нигоҳи ман, ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» кишварҳоямонро ба як  нақшаи  умда ва бузург мепайвандад ва ин нақша метавонад ба татбиқи як зумра ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла тавсеаи иқтидори транзитии мо мусоидат кунад. Илова бар ин, ин ташаббуси роҳбарияти Чин метавонад ба кишвари мо, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, дар таъмини дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд», — иброз дошт Президент.

Тавре Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то 2030 соли 2016 қабул гардид. Он асосан фарогири барномаи ҷаҳонии амал дар самти рушди устувор, ки соли 2015 Маҷмаи умумии СММ қабул намуд, мебошад.

Ӯ чаҳор ҳадафи стратегӣ барои Тоҷикистонро махсус зикр намуд: расидан ба амнияти энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ; баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вусъат додани иқтидори транзитии кишвар; расидан ба амнияти озуқаворӣ, инчунин вусъат бахшидани шуғли пурмаҳсул.

«Мутобиқ ба ҳадафҳои стратегиамон бо лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» мо тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавиро фаъолона идома медиҳем», — гуфт дар хотима Президент.

Апрель 22, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»