Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои мухталифи СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои мухталифи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаҳои мазкур як зумра лоиҳаи қонунҳои намунавӣ (моделӣ), ҳамзамон тавсияҳо оид ба ҳаммонандкунонии қонунгузории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
«Шукурҷон Зуҳуров дар конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ роҷеъ ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризм сухан кард», — илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо бархе аз намояндагони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ бо мукофотҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ сарфароз гардонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа нақшаҳо оид ба фаъолияти минбаъдаи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ барои солҳои 2019-2020 дар самти қонунгузорӣ қабул карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 16-19 апрели соли равон ҳайати Парлумони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






