АМНИЯТ – ДАР ҶОИ АВВАЛ! Имрӯз дар Душанбе масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуданд

Апрель 12, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Усулҳои пешқадам ва технологияҳои ҳифзи иттилоот» — таҳти ин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки ширкатҳои Федератсияи Россия семинар  доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутахассисони варзида аз ширкатҳои Россия, ба мисли  «Технологии безопасности», «Грань безопасности», ҶДММ «Код безопасности»,  «Лаборатория Касперского», «Инфо вотч» ва ғайраҳо иштирок доранд.

Семинар ба баланд бардоштани малакаи хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, бо мақсади омӯзиш ва беҳтар намудани малакаи мутахассисони соҳаи ҳифзи  иттилоот равона шудааст. Амнияти иттилоотӣ – ин чунин ҳолати  системаи иттилоотист, ки метавонад ба дахолати тарафҳо ё шахсони  сеюм ва ҳуҷумҳои техникии  бегона роҳ надиҳад.

«Семинар намунаи воқеии ҳамкории амалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳо оид ба амнияти иттилоотии Федератсияи Россия буда, платформаи муфид барои муайян кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад», — гуфт зимни суханронӣ сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Мирзоиён.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба таъмини иттилоотии меъёриву ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир менамуд ва менамояд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон як зумра санадҳои қонунгузориро дар самти таъмини амнияти иттилоот, ба мисли “Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”, “Қонун дар бораи имзои электронӣ”, “Қонун дар бораи иттилоот”, “Қонун дар бораи криптография”, “Қонун дар бораи ҳифзи иттилоот” ва “Қонун дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ” қабул намуд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи беш зоҳир менамоянд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расидааст. Худи ҳамон сол дар асоси ин ҳуҷчати муҳим  Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қонунҳои минбаъд қабулшуда – “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”, “Дар бораи имзои электронӣ””, “Дар бораи сирри давлатӣ”, “Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ” маҳз ба амнияти иттилоотии давлат ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқхои дигари конститутсионии онҳо бахшида шудаанд.

Имрӯз ҷумҳури мо мисли кишварҳои дигари ҷаҳон ба ҳамкории бештар дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёт зарурат дорад.

Дар семинар ҳамчунин иштирокчиён таҷрибаи сохтани системаҳои ҳифзшуда,   ҳукумати  электронӣ,  таъмини  амнияти иттилоотӣ дар миқёси давлат, инчунин воситаҳои  ҳимоя аз ҳуҷумҳои  кибернетикиро муҳокима намуданд.

Апрель 12, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд