Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангӣ маҳсуб меёбад
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ — омили рушди сайёҳии кишвар» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он коршиносони соҳа, олимон ва намояндагони ниҳодҳои мухталиф оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои муосири Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар оғози семинар мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат доир ба эҳёи таърихию фарҳангии миллати тоҷик таъкид шудааст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагию ваҳдати мардумро ҳифз мекарданд, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Меҳргон, Сада, шашмақом, фалак, адрасу атлас ва чакан дубора эҳё гардидаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қисме аз онҳо ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Мусиқии фалак, ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ барои арҷгузорӣ ва сабт гардидан ба ин созмони байналмилалӣ пешниҳод гардидаанд.
«Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар робита ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ 15 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Дар робита ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аз ҷумлаи онҳост. Амалӣ намудани барномаи мазкур ва пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихиву фарҳангӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон- шаҳри қадимаи Саразмро таҷлил намояд. Бо таҷлили ин ҷашн маданияти беш аз 5 ҳазору 500- солаи тоҷикон ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ карда мешавад. Аз ин рӯ мо бояд ёдгориҳои таърихии худро ҳифз карда, онҳоро обод кунем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем»,-гуфт Муҳаммадӣ Сафолзода.
Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки «хушбахтона, дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ҷашнвораҳои миллӣ зиёд мебошанд. Онҳо ҳамасола ба таври шоиста таҷлил мешаванд. Дар ин қатор ҷашнвораҳое ҳастанд, ки воқеан моҳияти умумимиллӣ, умумихалқӣ ва ҳатто байналмилалӣ доранд. Ҳукумати мамлакат вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва ҷаҳонӣ корҳои шоистаеро ба анҷом мерасонад. Ва саҳми миллати тоҷик низ барои муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ басо назаррас аст».
Ба зикри Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, бунёди чунин осорхонае, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дарак медиҳад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






