Баҳодур Усмонов баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард

Апрель 26, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар  Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд  дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва  дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон  Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар  муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев   ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон  Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.

Бояд зикр кард, ки  Баҳодур Усмонов таҳти роҳабрии мураббии маъруф  Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.

Хотиррасон менамоем,ки соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик  Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.

Апрель 26, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд