Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»
ДУШАНБЕ, 28.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»-ро тамошо карданд.
«ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019» таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» 162 рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки 16 млн нафар аз ин намоишгоҳ дидан намоянд. Дар ЭКСПО 110 сохтори намоишдиҳандаи байналмилалӣ ва 120 намоишдиҳандаи ғайрирасмӣ иштирок хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории ЭКСПО нишондоди рекордӣ аст.
Масоҳати макони баргузории ин маъракаи боғдорӣ 503 гектар буда, дар канори дарёи Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин ҷойгир аст. Аз ин хотир, ЭКСПО-и навбатиро «Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин» низ ном мебаранд. Майдони баргузории ЭКСПО аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.
94 чатри бари ҳам қоматафрохта толори байналмилалии ЭКСПО-ро ташкил мекунанд.
Аз рӯи тарҳҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кишварҳои хориҷ, маълум мешавад, ки дар ЭКСПО боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардуми ин кишварҳо сохта мешаванд.
Барои тамошобинон дар ЭКСПО толори васеи тамошои фарҳанги боғдорӣ, тамошои гулу гиёҳҳои рангоранг пешбинӣ шуда, онҳо имкон доранд зиёда аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро бубинанд. Ҳамзамон сайёҳон имкон доранд, ки аз санъати меъмории кишварҳои гуногун дидан намуда, бо фарҳанги пурғановати мамлакатҳо ошно шаванд.
«ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин — 2019» саҳнаи ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон аст. Ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳ аз ҳам фарқ мекунад, аммо ҳамаи ҷонибҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳиши худро дар робита ба ҳифзи табиат ва экология ифода намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






