Дар Бадахшон ошкор кардани ҷиноят 90 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 196 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоркунии он 90 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии Раёсат ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ дар се моҳи аввали соли 2019 иброз гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар вилоят Абдураҳмон Аламшозода, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии раёсат, сардорони ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки то имрӯз Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу буттаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватанамон нақши назаррас гузошта истодаанд.
Зикр карда шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корманди сохторҳои қудратиро мебояд бо дониши баланду малакаи касбӣ, муносибату муоширати хуб ва бо дарки масъулияти баланди хизматӣ бо аҳолӣ муносибат намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷиҳати саҳм гузоштан дар оромиву осоиштагӣ ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






