Дар Чин Ёддошти тафоҳум «Оид ба Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 18 апрели соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» баргузор гардид. Дар доираи Форуми мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода Ёддошт «Оид ба Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ»-ро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андоз хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар Форум намояндагони мақомоти андоз – аъзои Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, дар маҷмӯъ намояндагони зиёда аз 65 давлат, мансабдорони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагон аз Созмони Иқтисодии Ҳамкорӣ ва Рушд, Хазинаи Байналмилаии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ иштирок намуданд.
Механизм ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ дар самти андозбандӣ, танзими баҳсҳои андозӣ, мукаммалнамоии маъмурикунонӣ бо ёрии мубодилаи таҷрибаи мутақобилаи маъмурикунонии андоз ва шароити мусоид барои дурустии маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо, ҳамчунин мубориза дар самти рӯйпӯш намудани манбаи андозбандӣ ва фоидаи андозбандишаванда (нақшаи BEPS), амалигардонии мубодилаи автоматии маълумоти молиявӣ (AEOI) мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






