Дар хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон кишти пунбадона бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. То 9 апрели соли равон деҳқонони ҷумҳурӣ дар майдони 113 ҳазору 244 га кишти чигит гузарониданд. Ин 60,1% -и иҷрои дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 992 гектар зиёд мебошад.
Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти пахта сол то сол дар ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ мехоҳанд майдони кишти пахтаро ба 188 ҳазору 410 гектар расонанд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.
Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои баҳорӣ самаранок истифода намуда, ба кишти чигит дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида истодаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, кишоварзони вилояти Хатлон имрӯзҳо ҷараёни кишти пахтаро хуб ба роҳ монда, ҳоло дар майдони 95 220 га кишти пунбадона гузарониданд. Ин баробари 78,0%-и иҷрои дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 963 га зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти чигит бо маром идома дошта, кишоварзон тибқи дурнамо дар майдони 58 140 га кишт мегузаронанд. Айни замон 17 248 га кишт карда шудааст. Ноҳияҳои тобеи марказ низ кишти чигитро мувофиқи нақша ба роҳ монда, то имрӯз дар майдони 776 га кишти пунбадона гузаронидаанд.
Бояд гуфт, ки барои дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонидани кишти пахта зиёда аз 1868 адад трактору тухмипошакҳо мавриди истифодаи кишоварзон қарор доранд.








Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид






