Дар Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кард
ХОРУҒ, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади рушд ва тавсеаи соҳаи соҳибкорӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани соҳибкорони ҷавон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард.
Роҳбари филиали мазкур Шакар Қадамшоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мавқеи ҷуғрофӣ, дурии роҳу бар асари офатҳои табиӣ баста шудани он, харҷи иловагии интиқоли молу колоро ба назар гирифта, Пешвои миллат дастур доданд, ки дар шаҳри Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шавад. Чунин филиал дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад».
Ба гуфтаи роҳбари филиал, воқан машғул шудан ба соҳибкорӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳи тиҷоратӣ дар шароити кӯҳистон хеле мушкил ва хатарзо аст. Аз ин рӯ соҳибкорони вилоят ба дастгирии давлат ниёзи бештар доранд. Яке аз мақсадҳои фонди дастгирии соҳибкорӣ- ин мусоидат ба раванди рушди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди рақобати солим, таҳияи бизнес-нақшаҳо ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани онҳо мебошад
Таъсиси филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти соҳибкорон такони хуб мебахшад. То ин вақт соҳибкорон барои муаррифии барномаҳои тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд, ки ин сабаби харҷи иловагии вақту маблағ мегардид. Аз ин ба баъд барномаҳои онҳо дар худи шаҳри Хоруғ аз тарафи коршиносони масоили иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва дар сурати ғолиб омадан дар озмун ба онҳо қарзи имтиёзнок дода мешавад.
Масъулини филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар мулоқот бо соҳибкорони вилоят изҳор намуданд, ки дар ояндаи наздик сафари худро ба деҳоти дурдасти ноҳияҳои вилоят оғоз намуда, кӯшиш мекунанд, ки соҳибкорони деҳоти дурдаст низ аз дастгириҳои фонди мазкур бархурдор гарданд.








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






