Дар самти кор бо ҷавонон миёни Тоҷикистон ва Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 18, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки зимни сафари  расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт, миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишнома аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Александр Бугаев ба имзо расонида шуд.

Зимни баимзорасии созишнома Александр Бугаев  иброз дошт, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманди ду кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.  Он барои  баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳои муштарак, табодули таҷриба ва баррасиву дастгириҳои ҷавонони ду кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамчунин Аҳтам  Абдуллозода  зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо кишварҳои гуногун ҳамкории хуб  ба роҳ мондааст. Зеро чунин ҳамкорӣ ва имзои созишномаҳо дар  татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта,  заминаи хуб фароҳам меоварад.

Апрель 18, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид