Дар самти кор бо ҷавонон миёни Тоҷикистон ва Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт, миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишнома аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Александр Бугаев ба имзо расонида шуд.
Зимни баимзорасии созишнома Александр Бугаев иброз дошт, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманди ду кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳои муштарак, табодули таҷриба ва баррасиву дастгириҳои ҷавонони ду кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо кишварҳои гуногун ҳамкории хуб ба роҳ мондааст. Зеро чунин ҳамкорӣ ва имзои созишномаҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, заминаи хуб фароҳам меоварад.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






