Дар Тоҷикистон дар зарфи се моҳ беш аз 1 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи се моҳи соли равон корхонаҳои колинбофии Тоҷикистон 1 миллиону 139,7 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳ намудаанд, ки ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 қариб 460 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзода Қаюмова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки рушди соҳаи қолинбофӣ дар кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, инчунин дигар лоиҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вазифадор карда шудаанд, ки барои эҳтиёҷоташон маҳсулоти қолинии ватаниро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра имтиёзҳо барои соҳаи қолинбофӣ муқаррар карда шудаанд. Ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020» таҳия ва қабул гардид, ки ҳадафаш рушди соҳаи қолинбофӣ дар мамлакат мебошад.
Шаҳзода Қаюмова афзуд, ки имтиёзҳои фароҳам овардашуда бевосита барои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардида, ҷиҳати зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамоянд.
Мусаллам аст, ки тибқи ворид намудани тағйиру иоваҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри боҷи гумрукии воридотӣ барои ворид намудани қолинҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҷаҳонии Савдо ба андозаи 30 фоиз муайян карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи иҷрои «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020» се корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ, назири «Тоҷ Фейза», «Мавлонои Румӣ», «Нигор» ва коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як коргоҳи истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инчунин бо фаъол гардидани коргоҳи риштабарорӣ дар заминаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда шуд, ки ин яке аз дастовардҳои арзандаи соҳа дониста мешавад. Инчунин ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» аз партовҳои маҳсулоти қолинӣ пойафзол барои хона, қолинчаҳо барои пеши дари хона, ҳаммом ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол менамояд. Маҳсулоти корхонаи қолинбофии «Қолинҳои Қайроққум», хусусан қолинҳояш бо нақшу нигори зебои худ шуҳратёр гардидаанд. Онҳо дар радифи таъмини бозори дохилӣ, инчунин ба кишварҳои хориҷӣ, назири Россия ва Қирғизистон содирот мегарданд.
Бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳаи қолинбофии мамлакат воридоти таҷҳизоти технологии муосир аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон- Белгия, Германия ва Туркия дар кишвар корхонаҳои нав таъсис дода шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил гардидаанд. Аз соли 2012 инҷониб аз ҷониби ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва корхонаҳои қолинбофии «Тоҷ Фейза» ва «Мавлонои Румӣ» барои воридоти дастгоҳу таҷҳизоти нав беш аз 90 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки ин раванд ба рушди бахши қолинбофӣ дар кишварамон мусоидат менамояд.
Инчунин бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти муштариён солҳои охир дар минтақаҳои кишвар бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши қолинҳои Қайроққум доир карда мешавад. Чунин як намоиш-фурӯш бо ибтикори Вазорати саноат ва технлогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе аз 4 то 8 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ташкил карда шуд, ки дар дар он маҳсуоти қолинӣ бо нархҳои арзон ва то 25-30 фоиз тахфиф ба шаҳрвандон пешниҳод гардид. Чунин иқдом дар оянда дар вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон низ амалӣ гардонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи се моҳи соли равон ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» беш аз 735 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 274 метр зиёд мебошад.
Рушди соҳаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми страегӣ эълон намуда, дар ин замина Тоҷикистон аз модели давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ –аграрӣ мегузарад.











«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад






