ДАРАХТ БИНШОН! Ба пешвози 30- солагии Истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад
ТОҶИКОБОД, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил гардида истодаанд. Аз сабаби дер омадани фасли баҳор дар ноҳия мардум ба воситаи ҳашарҳои умумӣ ба пешвози баҳори нозанин ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаю хиёбонҳо, атрофи корхонаю ташкилот ва деҳаҳоро тозаю озода намуда, дар канори роҳҳо ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ мешинонанд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия чунин як ҳашари дастаҷамъона ташкил гардид, ки зимни он дар канори роҳравҳо 200 дона ниҳолҳои ороишӣ, аз қабили арчаю санавбар ва дар атрофи боғ 100 дона ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд.
Тибқи иттилои масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Тоҷикобод, то имрӯз сокинони ноҳия 8000 бех дарахт шинондаанд, ки аз он 2000 бех дарахтони мевадиҳанда мебошанд.
То охири фасли баҳор сокинони ноҳия 14 ҳазор бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда мешинонанд. Дар назар аст, ки дар ноҳия дар 24 гектар боғи нав бунёд гардад, ки аз он 3 гектараш боғи интенсивӣ мебошад.








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






