ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш дар 54 гектар замини бекорхобида боғ бунёд намуданд

Апрель 23, 2019 13:48

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш ҷиҳати иҷрои дастурҳои Паёми навбатии Пешвои миллат оид ба ҷалби  сармояи хориҷию дохилӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва  азхудкунии заминҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Авазбек Маҳмадов, имрӯзҳо бо ҷалби соҳибкорон дар заминҳои бекорхобидаи  ҳудуди Ҷамоати деҳоти  Сарталои ноҳия,  ки  аз сабаби санглохӣ ва беобӣ умуман кишт намешуданд, дар майдони 54 гектар боғ бунёд гардид. Дар ин ҷо  аз тарафи соҳибкор Алишер Азимов 28 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда аз вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дастрас гардиданд, ки намудҳои гуногуни  нок, себ олу, гелос, зардолуро дар бар мегиранд. Инчунин бо мақсади пешниҳоди тавсияву  маслиҳатҳои дӯстона барои нигоҳубини ниҳолҳои дастрасшуда, ки хоси иқлими ҷумҳурии ҳамсоя мебошанд, ба ноҳия мутахассисон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуғафорбек Маҳмадалиев ва Санҷар Хоҷаев омада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуданд.

Қабл аз маъракаи ниҳолшинонӣ бевосита дар майдони боғот бо иштироки мутахассисони боғпарвар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари машваратӣ гузаронида шуд. Дар он мутахассисони ҷамоатҳои деҳот ва бахши заминсозии ноҳия ва боғпарварон иштирок намуданд. Дар ҷараёни машварат боғдорони ҳарду ҷумҳурӣ доир ба таҷрибаи хеш табодули назар намуданд. Зимни шинонидани ниҳолҳо тавсияҳои боғдорони ӯзбек ба назар гирифта шуд, ки аз рӯи таҷрибаи андӯхтаи онҳо пас аз ду-се сол ниҳолҳо ба ҳосил медароянд.

Боғи мазкур майдони  54 гектарро дар бар гирифта, дар байни қатори ниҳолҳо тухмии картошка кишт карда мешавад. Ҷӯякҳои ниҳолҳо ва  қатори картошказор ба воситаи насос аз соҳили Сурхоб  обёрӣ карда мешаванд. Ба бунёду барқарорнамоии боғот 260 нафар сокинони маҳаллӣ сафарбар карда шуда, бо музди меҳнати мавсимӣ  ва хӯроки гарм таъмин карда шуданд. Пас аз анҷоми корҳои ниҳолшинонӣ ва барқарор гардидани майдони боғот 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Имсол кишоварзони ноҳияи Лахш тибқи нақша 60 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 15 гектар боғҳои кӯҳнаро  барқарор менамоянд.

Апрель 23, 2019 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд