Дастаи «Истиқлол» Ҷоми КФО-2019-ро бо ғалаба оғоз кард
ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ғолиб омад.
Бояд зикр кард, ки дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии «Истиқлол» Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуда, «Истиқлол» — ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 72-юм боз Руслан Корян голи дуюми худ ва голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонида, ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт.
Ҳамин тариқ «Истиқлол» дар бозии аввали гурӯҳи «D»-и марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Хотиррасон мекунем, ки аввалин бор дар таърихи хеш ду дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо ҳам вомехӯранд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии даври дуюми гурӯҳи «D» — ро 17 апрел бо дастаи футболи «Алтин Асир» -и Туркманистон баргузор мекунад. Дастаи футболи «Хуҷанд» дар ҳамин рӯз дар хонааш дастаи «Дордой» -и Қирғизистонро қабул мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур миёни дастаҳои футболи «Дордой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Феълан дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 3 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи «D» ба ҳисоб меравад. Дастаҳои футболи «Дордой» ва «Алтин Асир» бо дарёфти якимтиёзӣ дар зинаҳои 2-юм ва сеюм қарор доранд.
Дастаи футболи «Хуҷанд» дар зинаи 4-ум мавқеъ касб кардааст.








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






