ДАЪВАТИ БАҲОРИИ НАВАСКАРОН. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов: «Ҳамхизмат ҳаргиз аз ёд фаромӯш намешавад»
ХОРУҒ, 03.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози маъракаи даъвати баҳорӣ дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, комиссариати ҳарбӣ, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба хизмати Модар-Ватан баргузор гардид.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов дасти ҳар як наваскарро фишурда, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд. «Хизмати аскарӣ на танҳо мактаби далерию мардонагӣ, балки имтиҳони дӯстию бародарӣ аст. Баъзан ҳатто ҳамсинфонро, ки даҳ сол дар як синфхона бо онҳо таҳсил мекунӣ, фаромӯш месозӣ, аммо ҳамхизмат ҳаргиз аз ёд фаромӯш намешавад. Дар чанд соли охир бо дастури Пешвои миллат танҳо дар қаламрави вилоят даҳҳо иншооти таъйиноти низомӣ бунёд ва навсозӣ шуданд. Сарбозон аз хобгоҳҳои гарму барҳаво, толори хониш, ошхона ва майдончаҳо барои бозиҳои варзишию ҳарбӣ бархурдор мебошанд. Барои пешрафти шароити минбаъдаи моддию техникии ҷузву томҳои неруҳои низомии кишвар заминаи устувор гузошта шуд»,-иброз дошт Ёдгор Файзов.
Раиси вилоят изҳор намуд, ки баъди чанд моҳ ҳамроҳ бо волидон аз ҳолашон хабар хоҳанд гирифт.
Корманди комиссариати ҳарбии вилоят Орифхон Раҳмондодов гуфт, ки «дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ мо 65 нафар ҷавононро баъди муоинаи комили тиббӣ ба хизмати Ватан гусел намудем. Ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб чун анъана дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд. Умедворем, ки дар рӯзҳои боқимонда дигар ноҳияҳои вилоят ҳам пай дар пай аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш хоҳанд дод».
Бонувони шаҳри Хоруғ наваскаронро аз майдони ба номи Исмоили Сомонӣ бо садои даф гусел карданд, то сиҳату саломат ба қисмҳои низомии худ расанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






