ДАЪВАТИ БАҲОРИИ НАВАСКАРОН. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов: «Ҳамхизмат ҳаргиз аз ёд фаромӯш намешавад»

Апрель 3, 2019 10:52

ХОРУҒ, 03.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози  маъракаи даъвати баҳорӣ дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, комиссариати ҳарбӣ, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба хизмати Модар-Ватан баргузор гардид.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов дасти ҳар як наваскарро фишурда, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд. «Хизмати аскарӣ на танҳо мактаби далерию мардонагӣ, балки имтиҳони дӯстию бародарӣ аст. Баъзан ҳатто ҳамсинфонро, ки даҳ сол дар як синфхона бо онҳо таҳсил мекунӣ, фаромӯш месозӣ, аммо ҳамхизмат ҳаргиз аз ёд фаромӯш намешавад. Дар чанд соли охир бо дастури Пешвои миллат танҳо дар қаламрави вилоят даҳҳо иншооти таъйиноти низомӣ бунёд ва навсозӣ шуданд. Сарбозон аз хобгоҳҳои гарму барҳаво, толори хониш, ошхона ва майдончаҳо барои бозиҳои  варзишию ҳарбӣ бархурдор мебошанд. Барои пешрафти шароити  минбаъдаи моддию техникии ҷузву томҳои неруҳои низомии кишвар заминаи устувор гузошта шуд»,-иброз дошт Ёдгор Файзов.

Раиси вилоят изҳор намуд, ки баъди чанд моҳ ҳамроҳ бо волидон аз ҳолашон хабар хоҳанд гирифт.

Корманди комиссариати ҳарбии вилоят Орифхон Раҳмондодов гуфт, ки «дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ мо 65 нафар ҷавононро баъди муоинаи комили тиббӣ ба хизмати Ватан гусел намудем. Ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб чун анъана дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд. Умедворем, ки дар рӯзҳои боқимонда дигар ноҳияҳои вилоят ҳам пай дар пай аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш хоҳанд дод».

Бонувони шаҳри Хоруғ наваскаронро аз майдони ба номи Исмоили Сомонӣ бо садои даф гусел карданд, то сиҳату саломат ба қисмҳои низомии худ расанд.

Апрель 3, 2019 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ